30.06.2008

Муҳаммадҷони Шакурӣ ва фикри тоҷикӣ

Аз Масрури Абдуллоҳ
Агар дар нимаи аввали қарни ХХ устод Айнӣ ба илми адабиётшиносӣ ва публисистикаи тоҷик таҳқиқи мавзӯи худшиносии миллии тоҷиконро ворид сохта, ба афкори нави миллии тоҷикӣ асос гузошта бошад, пас, ба эътимоди қавӣ метавон гуфт, ки устод Шакурӣ дар чаҳоряки охири қарни гузашта ва аввали қарни ҳозир таҳқиқ ва тарғиби мавзӯи худшиносии миллии тоҷиконро дар таҳқиқоти адабиётшиносӣ ва таълифоти публисистии худ идома ва инкишоф додааст.

«Худро ба як миллат нисбат додан кам аст, чун намояндаи миллат огоҳона амал кардан даркор аст», - таъкид кардааст устод Шакурӣ. Ба қавли ӯ, «худшиносии миллӣ ду ҷиҳат – ҷиҳати шахсӣ ва ҳамагонӣ дорад. Яъне вобаста ба он аст, ки аз як тараф ҳар шахс то чи андоза ба шинохти миллати худ расидааст ва аз ҷониби дигар, ҳама этнос то чи дараҷа умумияти худ, ягонагии этникӣ, таърихӣ ва фарҳангии худро фаҳм кардааст». Ва намунаи барҷастаи амалиёти огоҳона чун намояндаи миллат, хидмати бузурги худи устод Шакурӣ барои миллати хеш аст. Хидмат барои худшиносу худогоҳу хештаншинос кардани тоҷикон, зеро сарчашмаи пешрафти давлату миллати тоҷик (чун ҳар як давлату миллати дигар) аз худшиносу бомаърифат гардидани афроди он, аз ҳар як намояндаи он вобаста аст, ба қавли аллома Иқбол:

Фард мегирад зи миллат эҳтиром
Миллат аз афрод меёбад низом!

Нафарони зиёде роҷеъ ба худшиносии тоҷикон гуфтаанду навиштаанд. Аммо ҳангоме кас бархе аз он навиштаҳоро мехонаду он гуфтаҳоро мешунавад, гумон мекунад роҷеъ ба худшиносиву худогоҳӣ, ношинохтаву ноогоҳона хома рондаанду ҳарфе гуфтаанд. Аз ин навиштаҳову аз ин гуфтаҳо набояд дар тааҷҷуб шуд, зеро дар радифи худшиносии дуруст, ба қавли устод Шакурӣ «… шинохти нодуруст, худшиносии носаҳеҳ низ ҳаст. Худшиносии нодуруст, номукаммал, яктарафа, рӯякӣ ва ғайра ҷамъиятро аз шоҳроҳи камоли маънавӣ ба канор мебарорад ва мумкин аст, ки ба кӯчаю паскӯчаҳои сарбаста барад». Устод Шакурӣ дар осори худ, маҳз бо чунин «худшиносии нодуруст, номукаммал, яктарафа, рӯякӣ» дар талош шудаанд ва ба аҳли миллат, махсусан, ба равшанфикрони имрӯз ҳушдор додаанд, ки бояд бо роҳи дуруст, бо роҳи рост рафт, аз таърих сабақ гирифт, он гоҳ ба мақсад хоҳем расид.


(Идома дорад)

24.06.2008

Вокуниши "Ховар" ба Додоҷони Атовулло

Мо аз хабари дар сайти интернетии Сентразия.Ру ҷойдодашуда дар бораи нишасти матбуотии журналисти маълуми мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон Додоҷон Атовуллоев ба ҳайрат афтодем, ки мехоҳад 24 июн дар матбааи ҳафтаномаи «Комсомолская правда» дар шаҳри Маскав баргузор созад. Мо медонем, ки Д.Атовуллоев симоҳои гуногун дорад, вале вай вақтҳои охир дар қиёфаи роҳбари созмони дар Тоҷикистон эътирофнашудаи ҷамъиятии «Ватандор» амал карданро авлотар медонад. Ҷаноби Атовуллоев дар бораи таъсиси ҷунбиши мазкур аввали соли 2007 хабар дода буд. Ӯро дар ин ҷода баъзе рӯзномаю ҳафтаномаҳои хабаркашу иғвоангез дастгирӣ намуданд, ки дар қаламрави Федератсияи Русия чоп мешаванд. Д.Атовуллоев ҳамон вақт изҳор карда буд, ки Шӯрои ҷунбиш дар ҳайати 47 нафар ва Раёсати он дар ҳайати 11 нафар ташкил ёфтаанд.Ҳамчунин дар бораи нақшаҳои иғвогаронаи таъсиси комиссияи оштӣ хабар дода шуда буд, ки ба он роҳбарони минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ шомил гардида буданд. Журналисти иғвогар ба хонандагон дар бораи гузаронидани интихоботи комилан демократӣ дар мамлакат хабар дода, изҳор карда буд, ки ӯ барои пешбарӣ ба мансаби президент панҷ нафар номзад дорад . Ва ниҳоят Д.Атовуллоев худро пайғамбари охирзамон шуморида, дар бораи гузаронидани инқилоби ранга дар Тоҷикистон хабар дода буд. Вай розӣ шуда буд, ки инқилоби мазкур, инқилоби лоларанг номида шавад. Мӯҳлати гузаронидани инқилоби мазкур баҳори соли 2007 муқаррар карда шуд. Вале хайёлҳои хоми ҷаноби Атовуллоев амалӣ нагардиданд, зеро дар мамлакати мо заминаи гузаронидани чунин инқилобҳо вуҷуд надорад.

Ҷаноби Атовуллоев баъди дар майдони сиёсат ба нокомӣ дучор гардиданаш мебоист осуда мегашт. Вале сармуҳаррири ҳафтаномаи «Чароғи рӯз», ки берун аз қаламрави Тоҷикистон чоп мешавад, мисли пештара мехоҳад, вазъиятро бо ҳар роҳу восита ноором ва муташанниҷ созад. Ӯ аз хабари ташкили гирдиҳамоӣ дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ дар назди бинои мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатӣ огоҳ шуда, пару бол баровард ва эълон намуд, ки пешгӯиҳои «пайғамбаронаи» ӯ ҷомаи амал мепӯшанд.

Ҷаноби Атовуллоев, пешгӯиҳои хайёлпарастонаи шумо ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳанд гашт! Зеро дар давраи ислоҳоти демократӣ дар ҳар мамлакат ташкили намоишҳо ва гирдиҳамоиҳо имконпазир мебошад. Ҷои тааҷчуб нест, ки сокинони шаҳри Хоруғ дар майдони марказии шаҳр ҷамъ омада, эродҳои худро баён доштанд ва далелҳои маъмурияти маҳаллиро шунида бо хотири ҷамъ пароканда гардиданд. Оё ин инқилоб аст?Ба ҳамагон маълум аст, ки аз пашша фил сохтан кори одамони оқил набуда, ягон натиҷа намедиҳад.

Агар Шумо дар он ҷо, дур аз Ватан аз овозаҳо истифода накарда балки аз иттилооти эътимодбахш огоҳ мешудед, ба чунин вазъияти ногувор намеафтодед. Маълумоти расмии омор шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти мамлакат ба пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ВМКБ то кадом андоза таваҷчӯҳ зоҳир намуда ва ғамхорӣ мекунад. Дар буҷети соли 2008 бо ин мақсад ҷудо намудани 143,9 миллион сомонӣ пешбинӣ карда мешавад. Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки имрӯз се сомонию 40 дирам ба як доллари ИМА баробар аст.

Баъдан, дар давоми 6 соли охир барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ВМКБ 14 барнома ба маблағи умумии 124 миллион доллар амалӣ карда шуд. Саҳми Ҳукумати Тоҷикистон дар ин барномаҳо 15,7 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар давоми ин солҳо дар қисмати тоҷикистонии Бадахшон нерӯгоҳи барқи обии «Помир - 1 » ва 32 нерӯгоҳи хурди барқӣ сохта ба истифода дода шуданд, обанбори Яшилкӯл тармим карда, қабули барномаҳои се шабакаи телевизиони Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Ин ҷо ҳоҷати зикр намудани корҳои дигар нест. Зеро номгӯи онҳо дар як саҳифа ҷой намегирад.

Бояд гуфт, ки дар мамлакати мо ҳанӯз проблемаҳои ҳалталаб зиёданд ва Президенти ҷумҳурӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи онҳо дар машварату маҷлисҳо ва иҷлосияҳо мунтазам сухан ронда , диққати ватанпарастонро ба ҳалли онҳо ҷалб месозад. Оё чунин проблемаҳо дар мамлакатҳои ҳамсояи мо, аз ҷумла Қирғизистон ё Ӯзбекистон вуҷуд надоранд? Ҳар чизи нав дар ҳаёти ҷомеа бо душворӣ роҳ меёбад.

Ҷараёни ислоҳоти самарабахши иқтисодиёти Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба муҳаббат ба ватан, ба эҳсосоти ватанпарастонаи шаҳрвандони мамлакат вобаста мебошад. Вале мову Шумо ҷаноби Атовуллоев вазифаи фарзандии худро дар назди Модар - Ватан ба тарзи худ дарк менамоем. Шумо ба ҳар кори хуби тӯли солҳои истиқлолият ва озодӣ иҷрошуда аз нуқтаи назари бадном кардани онҳо менигаред. Мо истилоҳи ватандӯстиро ҳамчун кӯшиши афзун гардонидани комёбиҳои хоксоронаи худ ва ба манфиати фарзандонамон ривоҷ додани онҳо мефаҳмем.

Шумо, ҷаноби Атовуллоев, дар давоми солҳои тӯлонии муҳоҷират ба ақидаи мо эҳсосоти шарму ҳаёро барои суханҳои бардурӯғатон гум кардаед. Одаме , ки худро аз асолати қавмӣ ва миллии худ ҷудо кардааст, худро ватанпарасти Тоҷикистон номида наметавонад. Мо шуморо ваколатдор накардаем, ки аз номи халқи тоҷик сухан гӯед. Инро фаромӯш накунед. Ин суханони ва вақте, ки бори дигар аз рӯи одат мамлакати моро бадном карданӣ мешавед, ба хотир оред. Тоҷикистон бе шумо барин радди маъракашудагон вуҷуд дошта метавонад, вале оё шумо бе Тоҷикистон зиндагӣ карда метавонед? Дар хусуси ҳамин масъала чуқур андеша кунед!

Ҳ.Маҳмудов, У.Иброҳимов, К.Ҳасанова,
Б.Муборкшоев,Д.Лавлатбеков,Г.Саидова
ва дигарон . Ҷамъ 23 имзо.

(Ин матлаб аз саҳифаи khovar.tj гирифта шуд. Дар ин иртибот мешавад аз ин сафҳаи Радиои Озодӣ низ дидан кард: http://www.ozodi.org/content/Article/1144857.html)


23.06.2008

Тахриби канисаи яҳудиён

Тахриби канисаи яҳудиён, ки ҳафтаи гузашта бо дастури мақомоти шаҳрдории Душанбе сурат гирифт, пайравони ин мазҳабро аз ягона макони ибодат дар кишвар маҳрум кардааст.

Ниёишгоҳи яҳудиён дар ибтидои қарни бистум, замоне ки дар Душанбе ду маҳаллаи яҳудиён мавҷуд буд, сохта шудааст. Ва ин канисаро дар соли 1952 ҳукумати Шӯравӣ миллӣ кунонид. Аммо ду канисаи дигаре, ки он замон дар Душанбе мавҷуд буданд, аз тарафи мақомоти Шӯравӣ маҳв гардонида шуданд. Дар ниҳояти амр, ба ҷомеъаи яҳудиён иҷоза дода шуд, ки дар ин хонаи хурд маросими ибодатро ба ҷо биёранд.

Ин канисаи яҳудиён ба далели он, ки дар маркази шаҳри Душанбе «Қасри миллат» бунёд мешаваду он фарогири боғу фаввораҳои зиёдест, ахиран ба хок яксон карда шуд. Сохтмони «Қасри миллат», ки тақрибан чор сол бад-ин сӯ идома дорад, даҳҳо сокинони ин маҳалро маҷбур кардааст, ки аз манозили худ берун ва ба канораҳои шаҳр кӯч банданд. Ҳатто як қисми низомии марбут ба дивизияи 201-уми Русия низ аз ин маҳал берун ва бинои марбут ба он вайрон шудааст. Бо ин ҳол, ягона канисаи яҳудиён барои пайравони он ки аксаран афроди бозмонда ва аз аҳолии табақаи камбизоатанд, маҳалли пайдо кардани ғизои бепул будааст. Ва яҳудиёни Душанбе ҳар шанбеи охири ҳафта ба ҳам омада ва дар канисаи хурд ба ниёиш мепардохтаанд ва сӯҳбатҳо мекардаанд. Ба қавли масъулони канисаи яҳудиён, тахриби ин бинои садсола аз моҳи феврали соли 2006 шурӯъ гардид, аммо бо дахолат ва фишорҳои созмонҳои минтақаӣ ва байнулмилалии яҳудиён, аз ҷумла созмони байнулмилалии ЮНЕСКО тахриби он ба чанд муддат ба тавқиф гузошта шуд. Аммо дар соли ҷорӣ бо даъвои ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе додгоҳи ин ноҳия оид ба тахриби ин бино қарор баровард.

Раҳбари яҳудиёни Осиёи Марказӣ Девид Гуревич ба радои Озодӣ гуфт, ки яҳудиён дар Тоҷикистон ҳудуди 2 ҳазор сол инҷониб иқомат доранд. Ва махсусан ба таъкиди ӯ, қабл аз вуруди Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин кишвар беш аз 15 ҳазор яҳудӣ дар Тоҷикистон ба сар мебурданд, ки бештаринашон яҳудиёни бухороӣ буданд ва бо забони тоҷикӣ ҳарф мезаданд. Аммо ҷамъияти яҳудиёни Тоҷикистон, ба ҳангоми бозсозӣ ва азҳампошии Шӯравӣ хеле ихтисор шуд. Яҳудиён дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Исроил ва кишварҳои дигари ғарбӣ муҳоҷират карданд. Ҳоло ҳудуди панҷсад ҷамъияти яҳудӣ дар Тоҷикистон ба сар мебаранд ва мегӯянд, ки каниса барои онҳо дигар моҳияти таърихӣ касб кардааст. ЯЪне, ин гурӯҳи яҳудиён бар ин боваранд, ки бозгашти макони ниёишашон ғайриимкон аст. Аммо иддаи дигар аз онҳо ҳанӯз бо умеданд ва дасту дил нашустаанд, ки рӯзе мақомоти шаҳрдорӣ барои онҳо ҷойи хубе барои ибодат ҷудо хоҳад кард.

Назира Давлатова, як масъули равобит бо созмонҳои ғайриисломии раёсати дин дар вазорати фарҳанг, ба расонаҳо гуфтааст, ки онҳо ҳозир буданд, ба яҳудиёни Душанбе дар ҷойи дигар барои бунёди иибодатгоҳ маҳалле ҷудо кунанд, аммо тақозои яҳудиён, ки танҳо дар маркази шаҳр мехоҳанд ибодатгоҳ дошта бошанд, онҳоро қаноатманд накардааст.

Бо ин вуҷуд бештари коршиносон мегӯянд, муносибат ва бархӯрди мақомоти Тоҷикистон бо диндорон як андоза тағйир кардааст. Тахриби масоҷид, манъи ҳиҷобдорон, эҷоди мушкилт дар роҳи чоп ва вуруди адабиёти мазҳабӣ, пешниҳоди тарҳи қонуни дин ва иттиҳодияҳои динӣ ва тахриби канисаи яҳудиён, ба гуфтаи онҳо, аз ҷумлаи мушкилотеанд, ки ҳукумати Тоҷикистон бо диндорон дар миён гузоштааст ва рӯшан нест, ки ин ҳама Тоҷикстоноро ба кадом сӯй хоҳад бурд.

12.06.2008

Иштибоҳе, ки бахшида намешавад!

Сомонаи интернетии нависандаҳои вилояти Суғд, ки ба кор шурӯъ кардааст, дар аввал хеле хушҳол ва баъдан дилсардам кард. Дар ин боргоҳи баэътибори сухан, ки ҳар кас даъвои ҷонфидоӣ барои зинда нигаҳ доштани забони тоҷикӣ мекунанд, иштибоҳ кардаанд. Калимаи шӯъбаро бидуни Ъ навиштаанд, яъне шӯба. Шӯба чӣ маънӣ дорад? Ё шояд ман иштибоҳ кардам?

"Бейтерек" (Остона, Қазоқистон)

11.06.2008

World Day Against Child Labour

12 июн рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи кори кӯдакон аст. Созмони ҷаҳонии кор мегӯяд, ҳудудан 70 дарсади кӯдакони аз 5 то 14-сола дар саросари ҷаҳон ба кор дар мазраъаҳои кишоварзӣ ҷалб шудаанд.

Агарчи муқаррароти байналмилалӣ ҷалби хурдсолон ба кор, ба вижа ба кори сангинро мамнӯъ эълом доштааст. Аммо авомили фарҳангиву суннатии мардуми осиёӣ гӯиё сабаб мегардад, ки аз нерӯи кӯдак дар ин кишварҳо сӯйистифода шавад. Дар миёни кишварҳое, ки зери Эъломияи рафъи шаклҳои бади кори кӯдакон имзо гузоштаанд, кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ мебошанд. Аммо бо ин вуҷуд, дар ин кишварҳо бо ризоияти хомӯши ҳукуматҳо, ҳамасола ҳазорон кӯдак дар давраи таҳсили мактаб ба пахтачинӣ, ҷамъоварии меваву сабзаҷот ва ғайра машғул мешаванд. Созмони наҷоти кӯдакон дар Тоҷикистон низ борҳо эълрм кардааст, ки ҳар сол дар ин кишвар аз нерӯи бештар аз 400 ҳазор кӯдак дар корҳои саҳроӣ ва бозор истифода мешавад. Даҳшате, ки ба қавли созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон дар Узбакистони ҳамсояи Тоҷикистон боз ҳам бештар аст. Фаъолони ҳуқуқи башари Ӯзбакистон мегӯянд, ҳар сол барои чиниши пахта дар ин кишвар 450 ҳазор кӯдак ҷалб мешаванд. Ва ин, ба қавли онҳо, натиҷаи сиёсати ҳадафмандонаи ҳукумати марказии Ӯзбакистон мебошад. Қаблан чандин ширкати муштарии пахтаи Ӯзбакистон дар Аврупо, аз ҷумла Бритониё, Финландия, Эстония, Шветсия гуфтанд, ки аз харидории моли Тошканд даст мекашанд, чун дар кори чиниши он аз нерӯи кӯдакон иҷборан истифода мешавад. Ба иттилоъи Созмони ҷаҳонии кор, феълан аз нерӯи бештар аз 200 милюн нафар кӯдак дар саросари ҷаҳон истифода мегардад.